クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja * - 対訳の目次


対訳 章: 朝章   節:

Сураи Зуҳо (Оғози рӯз)

وَٱلضُّحَىٰ
1. Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба вақти чошт.[3107]
[3107]Мурод аз чошт тамоми рӯз аст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَٱلَّيۡلِ إِذَا سَجَىٰ
2. Ва савганд,[3108] ба шаб, чун бипӯшад бо торикии худ атрофро,
[3108] Аллоҳ ба он чӣ хоҳад аз махлуқоти худ қасам ёд мекунад, аммо барои махлуқ ҷоиз нест, ба ғайри номи Аллоҳ қасам хӯрад, зеро ин амали ширк аст.
アラビア語 クルアーン注釈:
مَا وَدَّعَكَ رَبُّكَ وَمَا قَلَىٰ
3. Эй Муҳаммад, ки Парвардигорат туро тарк накардааст ба сабаби таъхири ваҳй ва бад ҳам надидааст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَلَلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٞ لَّكَ مِنَ ٱلۡأُولَىٰ
4. Албатта охират барои ту беҳтар аз дунёст.
アラビア語 クルアーン注釈:
وَلَسَوۡفَ يُعۡطِيكَ رَبُّكَ فَتَرۡضَىٰٓ
5. Ба зудӣ Парвардигорат туро эй Муҳаммад аз неъматҳои гуногун ато хоҳад дод, то хушнуд шавӣ.
アラビア語 クルアーン注釈:
أَلَمۡ يَجِدۡكَ يَتِيمٗا فَـَٔاوَىٰ
6. Оё туро қабл аз ин ятим наёфт ва ҷоят дод?
アラビア語 クルアーン注釈:
وَوَجَدَكَ ضَآلّٗا فَهَدَىٰ
7. Ва туро роҳгумкарда ёфт, ки намедонистӣ чӣ аст китоб ва чӣ аст имон, пас таълим дод туро он чиро, ки намедонистӣ ва ба некӯтарин амалҳо ҳидоятат кард?
アラビア語 クルアーン注釈:
وَوَجَدَكَ عَآئِلٗا فَأَغۡنَىٰ
8. Ва туро фақир ва бечиз ёфт ва ба қаноъат ва сабр сарватманд ва дороят гардонд?
アラビア語 クルアーン注釈:
فَأَمَّا ٱلۡيَتِيمَ فَلَا تَقۡهَرۡ
9. Пас ятимро маёзор
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَمَّا ٱلسَّآئِلَ فَلَا تَنۡهَرۡ
10. ва гадоро марон, балки таъом деҳ ва ҳоҷаташро баробар гардон
アラビア語 クルアーン注釈:
وَأَمَّا بِنِعۡمَةِ رَبِّكَ فَحَدِّثۡ
11. ва аз неъмати Парвардигорат, ки ба ту арзонӣ кардааст, сухан бигӯй.
アラビア語 クルアーン注釈:
 
対訳 章: 朝章
章名の目次 ページ番号
 
クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja - 対訳の目次

クルアーン・タジク語対訳 - Khawja Mirov Khawja ルゥワード翻訳事業センター監修

閉じる