《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 布柔智   段:

Сураи Буруҷ (Бурҷҳо)

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلۡبُرُوجِ
1. Аллоҳ қасам мехӯрад ба осмон, ки дорои бурҷҳост
阿拉伯语经注:
وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡمَوۡعُودِ
2. ва қасам ба рӯзи қиёмат, ки ваъда додааст, дар он халқро ҷамъ меоварад
阿拉伯语经注:
وَشَاهِدٖ وَمَشۡهُودٖ
3. ва қасам[3096] ба гувоҳ[3097]ва он чӣ ки ба он гувоҳӣ[3098]дода шудааст,
[3096] Ба ҷуз Аллоҳ барои ҳеҷ кас сазовор нест, ки ба махлуқ савганд хӯрад, агар чунин кунад ба шарик овардааст.
[3097] Рӯзи ҷумъа.
[3098] Рӯзи Арафа. Муфасссирон дар маънои ин оят ихтилофи бисёр доранд. Тафсири ибни Касир 8\364
阿拉伯语经注:
قُتِلَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأُخۡدُودِ
4. аҳли хандақҳо ҳалок шуданд аз барои он, ки мӯъминонро азоб доданд
阿拉伯语经注:
ٱلنَّارِ ذَاتِ ٱلۡوَقُودِ
5. ва оташе афрӯхтанд аз ҳезумҳо,
阿拉伯语经注:
إِذۡ هُمۡ عَلَيۡهَا قُعُودٞ
6. он гоҳ ки бар канори он оташ нишаста буданд
阿拉伯语经注:
وَهُمۡ عَلَىٰ مَا يَفۡعَلُونَ بِٱلۡمُؤۡمِنِينَ شُهُودٞ
7. ва онон бар он чӣ ки бо мӯъминон (азоб) мекарданд, шоҳид буданд.
阿拉伯语经注:
وَمَا نَقَمُواْ مِنۡهُمۡ إِلَّآ أَن يُؤۡمِنُواْ بِٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَمِيدِ
8. Ва аз онҳо интиқом мегирифтанд, азоб мекарданд мӯъминонро, магар барои он киба Аллоҳи ғолиби лоиқи ситоиш имон оварда буданд,
阿拉伯语经注:
ٱلَّذِي لَهُۥ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ
9. он Аллоҳе, ки подшоҳии осмонҳову замин аз они Ӯст ва бар ҳар чизе гувоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلَّذِينَ فَتَنُواْ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوبُواْ فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ ٱلۡحَرِيقِ
10. Албатта онон, ки мардону занони мӯъминро шиканҷа карданд, то ки онҳоро аз дини Аллоҳ боздоранд, сипас тавба накарданд, азоби ҷаҳаннам ва азоби оташ барои онҳост.
阿拉伯语经注:
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ جَنَّٰتٞ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡكَبِيرُ
11. Бегумон барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, биҳиштҳоест, ки дар он дарёҳо ҷорист ва он комёбии бузургест!
阿拉伯语经注:
إِنَّ بَطۡشَ رَبِّكَ لَشَدِيدٌ
12. Албатта интиқом гирифтани Парвардигори ту аз душманонаш сахт аст.
阿拉伯语经注:
إِنَّهُۥ هُوَ يُبۡدِئُ وَيُعِيدُ
13. Ӯст, ки нахуст пайдо мекунад ва пас аз марг зинда месозад.
阿拉伯语经注:
وَهُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلۡوَدُودُ
14. Ӯ бахшояндаву дӯстдоранда аст, барои тавбакунандагон.
阿拉伯语经注:
ذُو ٱلۡعَرۡشِ ٱلۡمَجِيدُ
15. Ӯст соҳиби Арши бузург.
阿拉伯语经注:
فَعَّالٞ لِّمَا يُرِيدُ
16. Ҳар чиро ирода кунад, ба анҷом мерасонад ва чизе монеъи иродаи Ӯ шуда наметавонад.
阿拉伯语经注:
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡجُنُودِ
17. Эй Расул, оё хабари лашкарҳо ба ту расидааст?
阿拉伯语经注:
فِرۡعَوۡنَ وَثَمُودَ
18. Лашкарҳои Фиръавну қавми Самуд, ки онҳо паёмбарони хешро дурӯғ бароварданд ва ба азоби Аллоҳ гирифтор шуданд.
阿拉伯语经注:
بَلِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي تَكۡذِيبٖ
19. Оре, онон, ки роҳи куфр пеш гирифтаанд, оятҳои Аллоҳро тасдиқ накарданд;
阿拉伯语经注:
وَٱللَّهُ مِن وَرَآئِهِم مُّحِيطُۢ
20. ва Аллоҳ аз ҳама сӯ бо илму қудрати худ бар онҳо иҳота дорад.
阿拉伯语经注:
بَلۡ هُوَ قُرۡءَانٞ مَّجِيدٞ
21. Балки, ин Қуръони бузургвор ва олиқадр аст.
阿拉伯语经注:
فِي لَوۡحٖ مَّحۡفُوظِۭ
22. Дар Лавҳи Маҳфуз ҷой дорад! Ҳеҷ гоҳ табдилу таҳриф нахоҳад шуд.
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 布柔智
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭