《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 * - 译解目录


含义的翻译 章: 穆丹斯拉   段:

Сураи Мудассир (Ҷома дар сар кашида)

يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمُدَّثِّرُ
1.Эй ҷома дар сар кашида,
阿拉伯语经注:
قُمۡ فَأَنذِرۡ
2. бархез аз ҷои хобат , пас бим деҳ одамонро аз азоби Аллоҳ!
阿拉伯语经注:
وَرَبَّكَ فَكَبِّرۡ
3.Ва такбиру таъзиму ибодатро махсуси Парвардигорат гардон!
阿拉伯语经注:
وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ
4.Ва ҷомаатро аз наҷосатҳо покиза дор![3029]
[3029] Яъне, покии зоҳирӣ нишонаи покии ботинӣ аст.
阿拉伯语经注:
وَٱلرُّجۡزَ فَٱهۡجُرۡ
5. Ва давомат кун дурӣ ҷӯстанро аз бутҳо ва аз корҳои ширк, пас ба онҳо наздикӣ макун![3030]
[3030] Тафсири Саъдӣ 1/ 895
阿拉伯语经注:
وَلَا تَمۡنُن تَسۡتَكۡثِرُ
6. Ва чизе мадеҳ, ки беш аз он чашм дошта бошӣ.
阿拉伯语经注:
وَلِرَبِّكَ فَٱصۡبِرۡ
7. Ва барои розигии Парвардигорат бар амру наҳйҳояш собир бош!
阿拉伯语经注:
فَإِذَا نُقِرَ فِي ٱلنَّاقُورِ
8. Пас он гоҳ ки дар сур (карнай) барои аз нав зинда шудан, дамида шавад,
阿拉伯语经注:
فَذَٰلِكَ يَوۡمَئِذٖ يَوۡمٌ عَسِيرٌ
9. пас он рӯз рӯзи сахте хоҳад буд.
阿拉伯语经注:
عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ غَيۡرُ يَسِيرٖ
10. Барои кофирон осон нест, ки халос шаванд аз муноқишаи ҳисобу китоб.
阿拉伯语经注:
ذَرۡنِي وَمَنۡ خَلَقۡتُ وَحِيدٗا
11. Маро эй Паёмбар, бо он ки дар шиками модараш танҳояш бе молу фарзанд, офаридаам, вогузор.
阿拉伯语经注:
وَجَعَلۡتُ لَهُۥ مَالٗا مَّمۡدُودٗا
12. Ва ӯро моли бисёре додам.
阿拉伯语经注:
وَبَنِينَ شُهُودٗا
13. Ва писароне ҳама дар Макка назди ӯҳозир.
阿拉伯语经注:
وَمَهَّدتُّ لَهُۥ تَمۡهِيدٗا
14. Ва васоили зиндагиро аз ҳар ҷиҳат барои ӯ фароҳам сохтаам.
阿拉伯语经注:
ثُمَّ يَطۡمَعُ أَنۡ أَزِيدَ
15. Он гоҳ тамаъ мебандад, ки бар неъматаш[3031]биафзоям.
[3031] Яъне, бар замми ин неъматҳо боз ҳам молу фарзандонашро зиёд гардонам. Ва ҳамоно ӯ кофир аст бар Ман.
阿拉伯语经注:
كَلَّآۖ إِنَّهُۥ كَانَ لِأٓيَٰتِنَا عَنِيدٗا
16. Ҳаргиз, ки ҳамоно, ӯ дар баробари Қуръон ва оёти Мо саркашӣ карду ситеза ҷӯст.
阿拉伯语经注:
سَأُرۡهِقُهُۥ صَعُودًا
17. Зуд аст, ки ба сарашмашаққатҳоеро аз навъҳои азобе, ки дар он роҳат нест меорем.[3032]
[3032] Ин оятҳо дар ҳаққи Валид бинни Муғира нозил шудааст, ки хеле ҳам саркаш ва душмани Аллоҳ ва расулаш буд. (Инчунин ҷазо дода мешавад ҳар як кофири саркашро). Тафсирӣ Саъдӣ 1/ 896
阿拉伯语经注:
إِنَّهُۥ فَكَّرَ وَقَدَّرَ
18.Ҳароина, ӯ андешид ванақшае кашид[3033].
[3033] Яъне, чи таънае мезанад дар ҳаққи Қуръон ва Муҳаммад.
阿拉伯语经注:
فَقُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ
19. Пас марг бар ӯбод, чӣ гуна нақшае кашид?
阿拉伯语经注:
ثُمَّ قُتِلَ كَيۡفَ قَدَّرَ
20.Боз ҳам марг барӯ бод, чӣнақшае кашид?
阿拉伯语经注:
ثُمَّ نَظَرَ
21. Сипас он гоҳ, ки нигарист,(яъне, фикр карду нақша кашид ва тайёрӣ дид дар таъна задани Қуръон).
阿拉伯语经注:
ثُمَّ عَبَسَ وَبَسَرَ
22. Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дарҳам кашид. Баъд аз он, ки чизе наёфт, ки ба он Қуръонро таъна занад.
阿拉伯语经注:
ثُمَّ أَدۡبَرَ وَٱسۡتَكۡبَرَ
23. Сипас рӯй гардонид аз ҳақ ва гарданкашӣ кард аз эътироф шудан ба мағлубияташ.
阿拉伯语经注:
فَقَالَ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٞ يُؤۡثَرُ
24. Пас гуфт дар бораи Қуръон : «Ин чизе, ки Муҳаммад мегӯяд, ҷуз ҷодуе, манқул аз пешиниён ривоят шуда, ҳеҷ нест.
阿拉伯语经注:
إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا قَوۡلُ ٱلۡبَشَرِ
25. Ин сухани махлуқон аст, ки Муҳаммад онро таълим гирифтаасту, баъд аз он даъво мекунад, ки он аз назди Аллоҳ аст.
阿拉伯语经注:
سَأُصۡلِيهِ سَقَرَ
26. Ба зудӣ ӯро ба сақар (дӯзах) бияфканам. То бисӯзад дар оташаш.
阿拉伯语经注:
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سَقَرُ
27. Ту чӣ медонӣ, ки сақар чи гӯна аст?
阿拉伯语经注:
لَا تُبۡقِي وَلَا تَذَرُ
28. На, гӯштеро боқӣ мегузорад ва на устухонеро раҳо месозад.
阿拉伯语经注:
لَوَّاحَةٞ لِّلۡبَشَرِ
29. Тағйирдиҳанда ва сиёҳкунандаи пӯст аст .
阿拉伯语经注:
عَلَيۡهَا تِسۡعَةَ عَشَرَ
30.Нуздаҳ фаришта барои азоби онҳо муваккаланд.
阿拉伯语经注:
وَمَا جَعَلۡنَآ أَصۡحَٰبَ ٱلنَّارِ إِلَّا مَلَٰٓئِكَةٗۖ وَمَا جَعَلۡنَا عِدَّتَهُمۡ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ كَفَرُواْ لِيَسۡتَيۡقِنَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَيَزۡدَادَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِيمَٰنٗا وَلَا يَرۡتَابَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡكِتَٰبَ وَٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَلِيَقُولَ ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡكَٰفِرُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَمَا يَعۡلَمُ جُنُودَ رَبِّكَ إِلَّا هُوَۚ وَمَا هِيَ إِلَّا ذِكۡرَىٰ لِلۡبَشَرِ
31. Муваккалони дӯзахро ҷуз аз фариштагони сахтгир қарор надодем. Ва шумори онҳо ҷуз барои имтиҳони кофирон нест. То аҳли китоб (Яҳуд ва Насоро) бовар кунанд[3034] ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то он мунофиқон ва кофирон, ки дар дилҳояшон маразест, бигӯянд: «Аллоҳ аз ин шумораи аҷоиб чӣ мехостааст?» Аллоҳ инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад роҳ менамояд. Ва шумори лашкари[3035] Парвардигоратро ҷуз Ӯ кассе надонад. Ва ин ҷаҳаннам ҷуз ҳушдор ва панде аз барои мардум нест[3036].
[3034] Яъне, он чизе, ки дар Қуръон дар бораи хозинони ҷаҳаннам гуфта шудааст ҳақ аст ва аз назди Аллоҳ аст. Тафсири Табарӣ 30/ 24
[3035] Аз он ҷумла фариштагонро.
[3036] Тафсири Бағавӣ 8/ 271
阿拉伯语经注:
كَلَّا وَٱلۡقَمَرِ
32.Инчунин нест, ки онҳо мепиндоранд[3037], савганд ба моҳ!
[3037] Яъне, Ба рисолати паёмбар бовар намекунанд.
阿拉伯语经注:
وَٱلَّيۡلِ إِذۡ أَدۡبَرَ
33.Ва савганд ба шаб, чун пушт кунад рӯй ба рафтан орад
阿拉伯语经注:
وَٱلصُّبۡحِ إِذَآ أَسۡفَرَ
34. Ва савганд ба субҳ, чун парда барафканад,
阿拉伯语经注:
إِنَّهَا لَإِحۡدَى ٱلۡكُبَرِ
35.ки ҳароина, ин дӯзах яке аз ҳодисаҳои бузург аст.
阿拉伯语经注:
نَذِيرٗا لِّلۡبَشَرِ
36.Тарсонандаи одамиён аст.
阿拉伯语经注:
لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَتَقَدَّمَ أَوۡ يَتَأَخَّرَ
37. Барои ҳар касе аз шумо, ки бихоҳад, наздик шудан ба Парвардигорашро бо амали нек ё бозпас монад бо куфру нофармонӣ.
阿拉伯语经注:
كُلُّ نَفۡسِۭ بِمَا كَسَبَتۡ رَهِينَةٌ
38. Ҳар кас гаравгони корест,ки кардааст, хоҳ нек аст, хоҳ бад аз он раҳо намеёбад,то он вақте ки ҳаққашро бидиҳад.
阿拉伯语经注:
إِلَّآ أَصۡحَٰبَ ٱلۡيَمِينِ
39. Ғайри мусалмонони холис онҳое, ки худашонро бо амалҳои шоиста наҷот доданд.
阿拉伯语经注:
فِي جَنَّٰتٖ يَتَسَآءَلُونَ
40. Онҳо дар биҳиштҳо нишастаанд ва аз якдигарашон мепурсанд,
阿拉伯语经注:
عَنِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
41.азкофироне, ки дар ҳаққи худашон гуноҳ кардаанд.
阿拉伯语经注:
مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ
42. Чӣ чизҳое шуморо ба ҷаҳаннам даровард?
阿拉伯语经注:
قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ
43. Гӯянд гунаҳкорон : “Мо дар дунё аз намозгузорон набудем
阿拉伯语经注:
وَلَمۡ نَكُ نُطۡعِمُ ٱلۡمِسۡكِينَ
44.ва ба дарвешону камбағалон таъом намедодем
阿拉伯语经注:
وَكُنَّا نَخُوضُ مَعَ ٱلۡخَآئِضِينَ
45.ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
阿拉伯语经注:
وَكُنَّا نُكَذِّبُ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ
46. ва рӯзи қиёматро дӯруғ мешуморидем,
阿拉伯语经注:
حَتَّىٰٓ أَتَىٰنَا ٱلۡيَقِينُ
47.то марги мо фаро расид ва мо дар ҳамон гумроҳӣ будем”
阿拉伯语经注:
فَمَا تَنفَعُهُمۡ شَفَٰعَةُ ٱلشَّٰفِعِينَ
48. Пас, шафоъати шафоаткунандагон[3038] фоидаашон набахшад. Зеро шафоъат барои онҳоест, ки Аллоҳ таъоло аз онҳо розист ва барои шафоаткунанда иҷозат додааст .
[3038] Хоҳ фаришта бошад, хоҳ паёмбар ё дигараш.
阿拉伯语经注:
فَمَا لَهُمۡ عَنِ ٱلتَّذۡكِرَةِ مُعۡرِضِينَ
49. Пас он мушриконро чӣ шудааст, ки аз Қуръон ва пандҳои он рӯй гардонанд?
阿拉伯语经注:
كَأَنَّهُمۡ حُمُرٞ مُّسۡتَنفِرَةٞ
50.Монанди харони ваҳшие, ки рамида
阿拉伯语经注:
فَرَّتۡ مِن قَسۡوَرَةِۭ
51. аз шер мегурезанд,
阿拉伯语经注:
بَلۡ يُرِيدُ كُلُّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُمۡ أَن يُؤۡتَىٰ صُحُفٗا مُّنَشَّرَةٗ
52. Балки ҳар як аз он мушрикҳо мехоҳанд, ки аз сӯйи Аллоҳ китоби кушодае ба ӯ дода шавад.[3039]
[3039]Ҳамчунон ки ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дода шудааст.
阿拉伯语经注:
كَلَّاۖ بَل لَّا يَخَافُونَ ٱلۡأٓخِرَةَ
53. На чунин аст, ки онҳо мепиндоранд, балки онҳо аз охират наметарсанд. Ва ба баъсу ҷазо боварӣ надоранд.
阿拉伯语经注:
كَلَّآ إِنَّهُۥ تَذۡكِرَةٞ
54. На чунин аст, ки онҳо дар бораи Қуръон меандешанд албатта, ки ин Қуръон пандест агар саъодати худро бихоҳанд,
阿拉伯语经注:
فَمَن شَآءَ ذَكَرَهُۥ
55. пас ҳар кӣ бихоҳад, онро бихонад ва аз он андарз бигирад ва аз ҳидояташ фоида бибарад.
阿拉伯语经注:
وَمَا يَذۡكُرُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ هُوَ أَهۡلُ ٱلتَّقۡوَىٰ وَأَهۡلُ ٱلۡمَغۡفِرَةِ
56.Ва панд нагиранд, магар ин ки Аллоҳ хоҳад ҳидояти онҳоро. Ӯ таъоло шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд ва итоъаташ кунанд. ВаӮшоёни омӯрзидан аст касонеро, ки ба Ӯ имон оранду итоъаташ кунанд!
阿拉伯语经注:
 
含义的翻译 章: 穆丹斯拉
章节目录 页码
 
《古兰经》译解 - 塔吉克语翻译 - 胡江米鲁夫·胡江米勒。 - 译解目录

古兰经塔吉克文译解,豪加·米洛夫·豪加米拉翻译。由拉瓦德翻译中心负责校正,附上翻译原文以便发表意见、评价和持续改进。

关闭